Ҳалокати 2 кас дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ. Аз чӣ заҳролуд шудаанд, маълум нест

Рӯзи 6 ноябр 4 нафар сокинони ноҳияи Балҷувон бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи сироятии Кӯлоб оварда шуданд. Рӯди дигар ду нафар аз онҳо фавтиданд. Лекин то ҳол маълум нест, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд. Зафар Шарипови 33-сола, сокини деҳаи Девдори ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи ҳамсараш Бибизайнаби Абдулазиз ва фарзандашон ба хонаи хусураш дар деҳаи Зарнисор […]

Билоли Шамс, Asia-Plus

Рӯзи 6 ноябр 4 нафар сокинони ноҳияи Балҷувон бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи сироятии Кӯлоб оварда шуданд. Рӯди дигар ду нафар аз онҳо фавтиданд. Лекин то ҳол маълум нест, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд.

Зафар Шарипови 33-сола, сокини деҳаи Девдори ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи ҳамсараш Бибизайнаби Абдулазиз ва фарзандашон ба хонаи хусураш дар деҳаи Зарнисор меҳмонӣ рафтаанд. Пас аз тановули ғизо вазъи солимии Зафар Шарипов, ҳамсараш, духтари 1-солаи ширмаки онҳо ва бародари хурдии Бибизайнаб – Абдумудасири 13-сола бад мешавад.

Рӯзи 6 ноябр онҳо ба беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб оварда шуда, рӯзи дигар Зафар Шарипов ва Абдумудасир вафот мекунанд. Вазъи солимии Бибизайнаб ва духтарчааш ҳоло муътадил шуда, аз беморхонаи сироятӣ ба вилоятӣ гузаронида шудаанд.

Ба гуфтаи духтури беморхонаи сироятӣ Саидов, ҳамаи ташхисҳо ба озмоишгоҳи вилоят фиристода шуда, сабаби ба ин ҳолат гирифтор шудани онҳо заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвӣ номида шудааст, лекин ҳоло посухи дақиқ нарасидааст.

Мудири маркази санитариву эпидемиологии ноҳияи Балҷувон Беҳрӯз Холов мегӯяд, барои ошкор намудани сабабҳои заҳролудшавӣ комиссия ташкил шудааст.

“Мо ба деҳа рафта, хонаеро, ки дар он ҷо онҳо заҳролуд шуданд, санҷидем. Ҳамаи хонаҳоро кофтем, лекин на маводи кимиёвӣ дарёфт шуду на ҳатто маҳсулоти консервшуда. Қуруту хурмо ва себ пайдо кардем. Инҳоро низ ба санҷиш фиристодем”, – иброз дошт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.