Вазири амри маъруфи “Толибон”: гунаҳкортар аз Карзайу Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон касе нест

Вазири амри маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон", дар як суханронияш Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Фазлулҳодӣ Муслимёр, раиси пеши Маҷлиси сано ё сенати Афғонистонро гунаҳкорони бузурги Афғонистон номидааст. Ин вазири толибон, бо ишора ба ин ки давлати толибон ин ҷинояткорони бузургро масъуният додаву "авф […]

Asia-Plus

Вазири амри маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон", дар як суханронияш Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Фазлулҳодӣ Муслимёр, раиси пеши Маҷлиси сано ё сенати Афғонистонро гунаҳкорони бузурги Афғонистон номидааст.

Ин вазири толибон, бо ишора ба ин ки давлати толибон ин ҷинояткорони бузургро масъуният додаву "авф шудаанд ва аз сӯйи давлат муҳофизат мешаванд", пас дигарон ҳам набояд аз Афғонистон фирор кунанду аз толибон натарсанд. 

Ин бори аввал аст, ки як мансабдори баландпояи Афғонистон баъди ба даст овардани Кобул, бо чунин лаҳне дар мавриди Карзайу Абдуллоҳ ва Муслимсёр гап мезанад.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ин суханронии вазири толибон рӯзи сешанбе дар маросиме дар вилояти Балх сурат гирифта, ӯ изҳор доштааст: "Оё муҳримини бузургтаре аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр вуҷуд дорад? Аморати исломӣ аз онҳо ҳифозат мекунаду аз дигарон намекунад?".

Ин вазири толибон бо ишора ба мансабдорону мақомҳои ҳукуматҳои пештара ва онҳое, ки аз Афғонистон фирор кардаанд, гуфтааст, ки "онҳо сармояҳои ҳангуфтро аз куҷо ба даст овардаанд, Худованд бо инҳо муҳосаба (ҳисобу китоб) хоҳад кард ва иншоаллоҳ муҷоҳидин (толибон) ҳам муҳосаба хоҳанд кард".

Баъди фирори Ашраф Ғанӣ ва бархе ҳалқаҳои наздик ба ӯ, ки ба дунболи он толибон ба ҳукумати Кобул соҳиб шуданд, Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон боқӣ монданд ва акнун фаъолияти сиёсӣ мекунанд.

Ин иддаои вазири толибон дар ҳолест, ки пештар бархе манобеъ хабар дода буданд, ки Карзайу Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ҳарчанд Карзай дар як баёнияе дар ҳабси хонагӣ буданашро рад кард, вале гуфта мешавад, ки онҳо таҳти назорати неруҳои толибон қарор доранд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.