“Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд”. Гузориш аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ

Имрӯз, 15-уми апрел мавлуди яке аз саромадони адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз фарзандони барўманди халқи тоҷик, ки дар ташаккули фикри ва адабии халқи тоҷик нақши бориз дошт, Устод Садриддин Айнӣ аст.  Мафсуф ҳамзамон яке аз равшанфикронест, ки дар кушодани мактабҳои тоҷикиву нашри рӯзнома ба забони тоҷикӣ саҳм гузошт ва баъди инқилоби октябр […]

Asia-Plus

Имрӯз, 15-уми апрел мавлуди яке аз саромадони адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз фарзандони барўманди халқи тоҷик, ки дар ташаккули фикри ва адабии халқи тоҷик нақши бориз дошт, Устод Садриддин Айнӣ аст. 

Мафсуф ҳамзамон яке аз равшанфикронест, ки дар кушодани мактабҳои тоҷикиву нашри рӯзнома ба забони тоҷикӣ саҳм гузошт ва баъди инқилоби октябр дар рушди маорифи тоҷик ва ҷомеаи нав талош кардааст.

Махсусан, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳамчун китоби тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик сабт шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе Хона-музейи устод пойбарҷост, ки чанд сол пеш "Азия-Плюс" ба суроғи он рафт ва як гузориши муфассал ҳам омода кард, ки ба ифтихори зодрӯзи ин абармарди миллати тоҷик дигарбора пешкаши хонандагон мекунем.

Дар ин навор мудири осорхона Шердил Каримов дар бораи якчанд давраи таърихи ин хонаву зиндагии нависанда дар он, чизҳое, ки имрӯз дар осорхона ҷамъоварӣ шудаанду бахше аз ҳаёти худи Айнӣ мебошанд, масалан, туҳфаи ӯ аз падараш ва танбӯр ё дигар чизҳои ба осорхона туҳфашуда маълумот медиҳад.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ соли 1978 ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.

Айни замон хона-музей муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, дар тавозуни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии адиб бо дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хона-музей мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифта, дар вазъияти тантанавӣ боз шуд.

Чанд сол пеш шаҳрдории Душанбе пешниҳод намуд, ки Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик тахриб ё ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Вале баъдтар дар пайи вокуниши аҳли зиё ва фарҳангиёни кишвар ин тасмим бекор карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.