Барканории раисони Леваканду Восеъ. Ҷойи онҳоро ду муовини раиси ноҳияи Данғара соҳиб шуданд

Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳам барканор шудаанд. Дар ин бора манобеи "Азия-Плюс" дар ҳукуматҳои Леваканду Восеъ хабар медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъ, Зарина Давлатзода аз вазифаи раиси шаҳри Леваканд озод  ва Бунафша Файзиддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин шудааст. Файзиддинзода то ин таъинот ба унвони муовини раиси ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев

Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз раисони шаҳри Леваканд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳам барканор шудаанд. Дар ин бора манобеи "Азия-Плюс" дар ҳукуматҳои Леваканду Восеъ хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Зарина Давлатзода аз вазифаи раиси шаҳри Леваканд озод  ва Бунафша Файзиддинзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъин шудааст. Файзиддинзода то ин таъинот ба унвони муовини раиси ноҳияи Данғара кор мекард. 

Ҳамчунин ба ҷойи Шарбатуллои Азизулло, раиси акунун собиқи Восеъ, Ҷамшед Шарифзода раиси ноҳия таъин шудааст, ки ахирӣ низ то имрӯз мансаби муовини раиси ноҳияи Данғараро дошт.

Имрӯз ҳамчунин манобеи "Азия-Плюс" аз барканории раисони чанд шаҳру ноҳияи дигар ҳам хабар дода буданд. 

Аз ҷумла  Бахтиёр Назарзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд. 

Ба гуфтаи манбаи мо, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Даврон Нишонзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. 

Раиси пешини Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бознишаста шудааст ва раиси нави ноҳияи Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода шудааст, ки то ин замон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Қубодиён буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.