“Истиқлол”-и Душанбе – қаҳрамони 10-каратаи Тоҷикистон

Date:

Дастаи футболи “Истиқол”-и пойтахт тими “Душанбе”-ро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб намуда, ду давр то анҷоми чемпионат бори 10-ум ба унвони қаҳрамони мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, пас аз бохт ба “Истиқлол” тими “Душанбе” дигар аз ҳамаи имкони боқӣ мондан дар мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат маҳрум ва онро тарк мекунад.

Зинаи дуюм ва медалҳои нуқраи чемпионатро тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки барои дарёфти ҷойи сеюм дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА (ЦСКА) довталабӣ дошта, тақдири медалҳои биринҷии чемпионат дар бозии байни ин дастаҳо,ки 23 ноябр дар Истаравшан доир мегардад, ҳал мешавад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахт солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 низ ба дарёфти унвони қаҳрамони Лигаи олии футболи Тоҷикистон ноил гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...