17%-и дигар: то комилан иҷро шудани нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Date:

Дар Тоҷикистон нақшаи тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ 83, 1 дар сад иҷро шудааст. Дар ин бораи хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти вазорати дифоъ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, имсол қабл аз ҳама нақшаи даъватро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе комилан иҷро кардаанд.

То кунун бештар аз 30 шаҳру ноҳияи кишвар аз иҷрои нақшаи даъват хабар додаанд. 

Ҳоло иҷрои нақша дар сатҳи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ наздик ба 96%, дар вилояти Суғд 77,3% ва дар вилояти Хатлон 75%-ро ташкил медиҳад. 

Маросими даъват ба артиш 1-уми октябри имсол оғоз шуд ва то поёни моҳи ноябр давом мекунад. Ба хидмат дар Тоҷикистон шаҳварндони марди аз 18 то 27-сола даъват мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...