Коҳиши назарраси интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябр

Тоҷикистон интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябри соли равон қариб 10 баробар кам кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Моҳи сипаришуда аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,8 млн доллар барқ содир шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин маблағ ҳудуди 17 млн долларро ташкил медод. Содироти барқ аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябри соли равон қариб 10 баробар кам кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Моҳи сипаришуда аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,8 млн доллар барқ содир шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин маблағ ҳудуди 17 млн долларро ташкил медод.

Содироти барқ аз Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020, ки ба 2 млн доллар баробар буд, низ коҳиш ёфтааст.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи умумии наздики 91,3 млн доллар барқ интиқол ёфтааст, ки 82% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта мебошад.

Дар доираи қарордодҳои имзошуда бо мақомоти марбутаи Афғонистону Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо барқ интиқол меёбад.

Мувофиқи қарордодҳо, то охири сол ин давлатҳо бояд аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 3 млрд кВт/соат (1,5 млр кВт/соат ҳар кадоме) барқ гиранд.

Барои 1 кВт/соат барқ Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2 сент (ба мисли истеъмолгарони маишӣ дар дохили кишвар) ва Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220кВ маблағ пардохт мекунанд.

Аввали ҳамин моҳ Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба Қирғизистон низ шурӯъ намуда, аммо пас аз чор рӯзи оғози он қатъ кард.

Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 17,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 6,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр интиқоли барқ ба манотиқи деҳоти Тоҷикистон ба таври маҳдуд сурат мегирад.

“Барқи тоҷик” сабаби инро баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ шарҳ медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.