Судҳову прокурорҳои бархе шаҳру ноҳияҳо нав шуданд. Идомаи тағйироти кадрӣ

Имрӯз бар пайи тағйироти кадрӣ бархе раисони додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар барканор ва ба ҷойи онҳо кадрҳои нав таъин шудаанд. Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар бахшҳои неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, сохтмону меъморӣ ва телевизионҳо низ сурат гирифтааст.   Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ин кадрҳои […]

Asia-Plus

Имрӯз бар пайи тағйироти кадрӣ бархе раисони додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар барканор ва ба ҷойи онҳо кадрҳои нав таъин шудаанд. Ҳамчунин тағйироти кадрӣ дар бахшҳои неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, сохтмону меъморӣ ва телевизионҳо низ сурат гирифтааст.  

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон бо ин кадрҳои тозатаъин мулоқот кардааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Парвиз Абдураҳимзода, сардори Хадамоти давлатии меъморӣ ва сохтмон, Шаҳриёр Абдурасулзода, сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ва Бахтиёр Ашурзода, сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд.

Ҳамчунин Сафарбек Нуруллозода, директори Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» таъин шудааст.

Тавре чанд соат пештар "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш дар Кумитаи телевизион ва радио хабар дода буд, бо қарорҳои дигари ҳукумат  Дилафрӯз Амирзода, мудири телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Ҳамза Маҳмудӣ, мудири телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон ва Бахтовари Сайфулло телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» таъин гардидаанд.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур ҳамчунин аз таъин раисони нави додгоҳҳои  ноҳияҳои ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва судяҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати ваколати дар вазифаи судя будан аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд.

Ҳамчунин дар мақомоти додситонӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, додситонҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, додситонҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, додситонҳои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, додситони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ тоза таъин шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ, "зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини адолати судӣ, баррасии шаффофу одилонаи парвандаҳо, мубориза бар зидди хариду фурӯши замин ва қонуншиканиҳо дар ин самт, таҳким ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавону болаёқат бо назардошти таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро баланд бардоранд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.