Митинг дар Хоруғ пас аз куштани як сокини Шохдара. Назари расмии додситонии ВМКБ

Дар Хоруғ дар назди бинои ҳукумати ВМКБ бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштақалъав даст ба нишони эътироз задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков, зуҳри имрӯз сурат гирифтааст. Мақомоти расмии ВМКБ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти додситонии […]

Asia-Plus

Дар Хоруғ дар назди бинои ҳукумати ВМКБ бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштақалъав даст ба нишони эътироз задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков, зуҳри имрӯз сурат гирифтааст. Мақомоти расмии ВМКБ то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба маркази матбуоти додситонии ВМКБ хабар медиҳад, ки "25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид".

Дар хабари "Ховар" омадааст, ки гӯё Гулбиддин Зиёбеков ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабар ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа А. Абирзода-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

"Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд",- омадааст дар хабар.

Мақомоти расмӣ ва қудратии ВМКБ то кунун на ҳодисаи кушта шудани Зиёбеков ва на эътирози бархоста бар пайи онро шарҳ надодаанд. Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани иттилои расмӣ аз ҳукумати вилоят ва РКД-и вилоят то замони нашри хабар бенатиҷа анҷомид.

Сухангӯйи  ВКД Тоҷикистон дар суҳбат ба "Азия-Плюс" аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки "мо ҳеч иттилое надорем".

Як манбаъи "Азия-Плюс" аз Хоруғ мегӯяд, ки мардум ҷасади Гулбиддин Зиёбековро гирифта, ба маркази шаҳри Хоруғ, ба назди бинои ҳукумат омадаанд ва аз ҳукумат талаб доранд, ки ба назди эътирозагрон бароянд. Аммо ба гуфти манбаи мо, то кунун раиси ВМКБ Алишери Мирзонабот ба назди эътирозгарон набаромадааст ва эътироз ҳамчунин идома дорад.

Дар хабари нашркардаи "Ховар" сухан танҳо аз захмӣ шудани Зиёбеков меравад, вале манбаъҳои гуногун хабар додаанд, ки Зиёбеков ҷон додааст. 

Ба гуфтаи манбаъи дигари "Азия-Плюс" дар Хоруғ, гуруҳе аз дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и ВКД барои пароканда кардани эътирозгарон ба макони эътироз омадаанд, аммо ҳарчанд ба ҳаво тир холӣ кардаанд, вале муваффақ ба пароканда кардани эътирозгарон нашудаанд. 

Ин манбаъи мо мегӯяд, ки ҳоло роҳ ба шаҳри Хоруғ аз ҳама самтҳо наздик ба 4 соат мешавад, ки баста аст.

Бино ба иттилои манобеъ, ба ҳодисаи 1-уми феврал, ки додситонии ВМКБ ишора кардааст, Зиёбеков ва чанд сокини дигари ноҳияи Роштақалъа ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусалом Абирзодаро барои пешниҳоди муомилаи маҳрамона кардан ба духтари сокини ин ноҳия, гӯшмол дода буданд ва Амирзода дар як навори видеоӣ аз сокинони ВМКБ узр хоста буд.

Манобеъ мегӯянд, ки Ёдгор Файзов замони раиси ВМКБ будан ин қазияро ҳал карда буд, акнун парвандаи он замон бозшуда дубора пеш гузошта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.