Дар Тоҷикистон “Китоби соли 2021”-ро муайян мекунанд

Date:

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиш Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби соли 2021”-ро эълон кард.

Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи Тоҷикистон дирӯз, имрӯзу фардо, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.

“Дар озмун муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2021 дар муассисаҳои нашриявии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, барои ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва мукофтпулӣ ба маблағи аз 500 то 1500 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок карданро доранд, бояд 2 нусха (як номгӯй) китоби тозаэҷоди дар соли 2021 дар яке аз нашриётҳои Тоҷикистон интишор намудаашонро то 10 декабри соли 2021 ба суроғаи зерин ирсол намоянд: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...