Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон боз боло меравад

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2022 нисбат ба ҳаҷми айни замон амалкунанда ба андозаи 6,7% зиёд мешавад. "Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2022 нисбат ба ҳаҷми айни замон амалкунанда ба андозаи 6,7% зиёд мешавад.

"Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 64 сомонӣ муқаррар карда шавад”, – гуфта мешавад дар қонуни қабулшудаи буҷети давлатӣ барои соли 2022.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми як нишндиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2022) ҳамасола зиёд мешавад.

Ба ин тариқ солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 40 сомонӣ, 2017-2018 – 50 сомонӣ, 2019 – 55 сомонӣ, 2020 – 58 сомонӣ ва соли 2021 – 60 сомониро ташкил медод.

Аз соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Он замон дар ин бора қонуни дахлдор – “Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисоб” қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст