Дар ВМКБ интернет фаъол шуд, аммо танҳо дар Ванҷу Дарвозу Мурғоб. Дар Хоруғ нест

Дар бархе аз ноҳияҳои ВМКБ шабакаи интернет дастрас шудааст, аммо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят то кунун дастрасӣ ба интернет масдуд аст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз мақомоти давлатӣ дар Хоруғ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло интернет танҳо дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дастрас асту халос. Дар шаҳри […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар бархе аз ноҳияҳои ВМКБ шабакаи интернет дастрас шудааст, аммо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят то кунун дастрасӣ ба интернет масдуд аст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз мақомоти давлатӣ дар Хоруғ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ ҳоло интернет танҳо дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дастрас асту халос.

Дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Роштқалъаву Ишкошим то кунун шабакаи интернет фаъол нашудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, интернет дар қисме аз вилоят шаби 9 ба 10-уми декабр дастрас шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо бо намояндагони эътирозгарони рӯзҳои 25-27-уми ноябр ваъда дода буданд, ки тамоси интернетиро дар қаламрави вилоят барқарор мекунанд.

Дастрасӣ ба шабакаи интернет дар ВМКБ баъди сар задани эътирозҳо бар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа аз 25-уми ноябр ба сӯ дастнорас шуда буд.

Бо гузашти чанд рӯз пас аз ҳаводиси эътирозӣ интернети кабелӣ дар бархе бонкҳову ниҳодҳои Хоруғ дастрас гардид, вале мардум ба интернет, хусусан интернети мобилӣ дастрасӣ надоштанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки «ростӣ барои мо маълум нест, ки чаро то ҳол интернетро барқарор намекунанд. Чун, айни ҳол вазъият дар вилоят хуб буда, мардум ба зиндагии муқарари худ машғул ҳастанд».

Бо гузаштаи дуҳафта аз ваъдаи мақомот барои фаъол кардани дигарбораи интернет ва ҳамоно дастнорас будани он, номаҳои зиёди гуруҳие аз номи мардуми вилоят ба мақомоти Тоҷикистон  ва ниҳодҳои байналмилалӣ фиристода шуд.

Дар ин мактубҳо бо ишора ба муқаррароти Созмони милали Муттаҳид мабнӣ бар ин ки ҳуқуқи дастрасӣ ба интернет яке аз ҷузъҳои муҳими ҳуқуқи инсон дар асри XXI  аст, талаб мешуд, ки масдудияти интернет бардошта шавад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун мавзуъи дастнорас будани интернет дар ВМКБ-ро шарҳ намедиҳанд.

Дар Хадамоти алоқа бошад вазъро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. Муовини аввали роҳбари Хадамот Илҳомҷон Атоев дар гуфтугӯи телефонӣ аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.