Хотироти неки Эмомалӣ Раҳмон аз суҳбатҳо бо Меркел ва табрики кантслери нави Олмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз 11 декабр ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс ва собиқ кантслери ин кишвар дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуд. “Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз 11 декабр ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс ва собиқ кантслери ин кишвар дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуд.

“Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем”, – омадааст дар барқия ба унвони Меркел.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон ба собиқ кантслери Олмон барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахш сипоси амиқ баён дошта, изҳори умед кардааст, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Дар барқияи табрикӣ ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс зикр мешавад: “Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Олмон, яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад”.

Дар барқия гуфта мешавад, дар ин замина Тоҷикистон хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Кантслери нави федералии Олмон 8 декабр дар ҷаласаи бундестаг (парлумон)-и Олмон интихоб шуд. Ӯ пешвои сотсиал-демократҳои ин кишвар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.