Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон дар осорхонаи “Гиме”-и Порис

Date:

Дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Пориси Фаронса 11-уми декабр Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ҳам дар саҳфаи фейсбукияш менависад, ки ҳамоиш  дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ барпо шуда, дар он доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Порис ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Фаронса иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Убайдулло  дар суханронияш дар ин маросим, дар мавриди дастовардҳои ҳамкориҳои бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла дар мисоли возеҳи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” (аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ин ҳамоиш суханрониҳои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ, ба мисли Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои аттиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм, ироа гардиданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон зимни як сафари расмӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса иштирок намуда буд.

Гуфта шуд, ки мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишта буд, ки то ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей – Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Порис охирҳои асри 19 аз ҷониби сармоядори фаронсавӣ таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Порис интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...