Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон дар осорхонаи “Гиме”-и Порис

Дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Пориси Фаронса 11-уми декабр Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад. Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ҳам дар саҳфаи фейсбукияш менависад, ки ҳамоиш  дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ барпо шуда, дар он доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи […]

Дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Пориси Фаронса 11-уми декабр Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса хабар медиҳад.

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолиддин Убайдулло ҳам дар саҳфаи фейсбукияш менависад, ки ҳамоиш  дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии дӯстони Шарқ барпо шуда, дар он доираҳои илмию маърифатӣ, хусусан бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Порис ва намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Фаронса иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Убайдулло  дар суханронияш дар ин маросим, дар мавриди дастовардҳои ҳамкориҳои бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ дар 40 соли охир, аз ҷумла дар мисоли возеҳи баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме” (аз 13 октябри 2021 то 10 январи 2022) изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ин ҳамоиш суханрониҳои олимон-бостоншиносон ва муаррихони фаронсавӣ ва хориҷӣ, ба мисли Анри Пол-Франкфор, Фредерик Брюне, Франсис Ришар, Валерӣ Залески, Ҳарри Фалк, Этиен Де Ла Вессиер ва дигарон роҷеъ ба таърихи ҳамкории бостоншиносӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, хосатан натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ ва мавзеъҳои таърихии давлати тоҷикон аз давраҳои аттиқа то асрҳои миёна, аз ҷумла шаҳраки қадимаи Саразм, ироа гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон зимни як сафари расмӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Фаронса иштирок намуда буд.

Гуфта шуд, ки мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишта буд, ки то ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.

Гимей – Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Порис охирҳои асри 19 аз ҷониби сармоядори фаронсавӣ таъсис ёфтааст.

Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Порис интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.