Ҳабси 3 нафар дар Душанбе барои ғайриқонунӣ бо худ доштани корд ва чӯбдасти резинӣ

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсияи пойтахт 3 нафарро боздошт намуда, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи сард аз 5 то 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла аз сокини пойтахт Некрӯз Нодиров […]

Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе ахири ҳафтаи гузашта кормандони милитсияи пойтахт 3 нафарро боздошт намуда, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ бо худ доштани силоҳи сард аз 5 то 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз ҷумла аз сокини пойтахт Некрӯз Нодиров корд мусодира гардида, ӯ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, аз Алишер Наҷмиддинов низ корд ва аз Ҷаҳонгир Саймурод чӯбдасти резинӣ (дубинка) мусодира гардида, ба аввалӣ 10 шабонарӯз ва ба дувумӣ – 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шудааст.

Зикр мешавад, ки амалиёти “Корд” аз ҷониби милитсияи пойтахт барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард бахусус миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.