Дар Туркия масъалаи то 1 млрд расонидани гардиши савдои дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов рӯзи 11 декабр дар бинои Вазорати тиҷорати Туркия бо Вазири тиҷорати ин кишвар Меҳмет Муш дидору гуфтушунид кард. Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ […]

Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов рӯзи 11 декабр дар бинои Вазорати тиҷорати Туркия бо Вазири тиҷорати ин кишвар Меҳмет Муш дидору гуфтушунид кард.

Тавре дафтари матбуоти сафорат хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

“Ҷонибҳо ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои қаблии роҳбарияти олии ду кишвар вобаста ба диверсификатсия ва афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия ва расонидани он ба 1 млрд. доллари ИМА, инчунин масъалаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи болозикр, аз ҷумла таҳияи “Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2022-2025”, корбарӣ намуда истодаанд”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳолати иҷроиш ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии бандҳои Нақшаи амали муштараки ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули назар карданд.

Аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, алоқа, сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон, стандартизатсия ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ибрози назар шуд.

Зикр мешавад, ки дар Туркия тибқи тартиби муқарраргардида Вазорати тиҷорат котиботи Комиссияи байниҳукуматии Туркия бо кишварҳои хориҷии оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, нақши он дар таҳияи Протоколҳои ҷаласаҳои Комиссия муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Туркия  вебинари маҷозӣ дар мавзӯи “Шарикии ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноати тиббӣ ва фармасевтика” бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва аъзоёни Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK), Ассотсиатсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони мустақили Туркия (MUSIAD) ва ҷалби беш аз 50 ширкати тоҷикию туркии соҳаи тиб ва фармасевтика, баргузор гардид.

Дар вебинар инчунин коршиносону аъзоёни Шӯрои тиббии назди MUSIAD, Шӯрои тандурустии назди DEIK, инчунин Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ширкат варзида, вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самти мазкур ва имконияти таъсиси гурӯҳҳои кории соҳавӣ байни ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ бо ҷалби ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва тиб бо назардошти пайгирии ҳадафҳои Тоҷикистон оид ба таъсиси кластерҳо ва паркҳои технологӣ дар заминаи таҷрибаи Туркия мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.