Зимистон ба Тоҷикистон бармегардад, ҳарорат 6-8 дараҷа поин меравад

Тирамоҳи гарм, ки бемайлон ба зимистони гарм гузашт, ба охир мерасад. Шурӯъ аз имрӯз обуҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад, ҳатто дар Хатлони доимо обуҳавояш муътадил. Ин ҳафта дар Тоҷикистон ҳаво серборишу хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барф ва сардиҳо дар назар аст. Имрӯз, 13 декабр дар вилояти Суғд ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, дар […]

Тирамоҳи гарм, ки бемайлон ба зимистони гарм гузашт, ба охир мерасад. Шурӯъ аз имрӯз обуҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад, ҳатто дар Хатлони доимо обуҳавояш муътадил.

Ин ҳафта дар Тоҷикистон ҳаво серборишу хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барф ва сардиҳо дар назар аст.

Имрӯз, 13 декабр дар вилояти Суғд ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм, дар доманакӯҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29° хунук, рӯзона 4-9° хунук мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағийрёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -4+1° мешавад.

Рӯзи 14 декабр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм, дар доманакӯҳо шабона -2+3°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29° хунук, рӯзона 4-9° хунук мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -4+1° мешавад.

Рӯзи 15 декабр дар саросари ҷумҳурӣ боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм, дар доманакӯҳо шабона -2+3°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона -3+2°, дар шарқи вилоят шабона 21-26° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35° хунук, рӯзона 8-13° хунук мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то -4+1° мешавад.

Дар пойтахти ҷумҳурӣ дар давоми се рӯз боридани борону барф пешбинӣ шудааст. Ҳаво имрӯз рӯзона 7-9, 14 декабр – 3-5 ва рӯзи чоршанбе 2-4 дараҷа гарм мешавад. Шабона имрӯз ҳарорат 0-2 дараҷа, 14 декабр -1+1 ва 15 декабр – 0-2 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст.

Табиист, ки бориши борону барф ва поин рафтани дамои ҳаво роҳҳои мошингардро бахусус дар қисмати куҳистонии мамлакат душворгузар мекунад. Дар ин рӯзҳо дар аксар минтақаҳо омадани туман эҳтимол дорад ва ҳолате ҳам метавонад пеш ояд, ки аз 200 то 500 метр дуртар дида нашавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Бахусус ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ эҳтиёт кунанд. Аз истифодаи бухориҳо низ баэҳтиёт бошанд, ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.

Дар робита бо тағйири обу ҳаво, Кумита бо мақсади бехатарӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон тавсия медиҳад:

– пеш аз сафар мошини худро ҷиддан аз назар гузаронед;

– чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

 – ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

– ҳама тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед;

– ҳаракат бо мошин дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаворо маҳдуд созед.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ё ҳолати фавқулодда ба рақами 112  ва ё ба Қисми навбатдории  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: 223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.