Ҷашни тарона. Ҷараёни баргузории рӯйдоди асосии мусиқии сол – Tarona Music Award

Date:

Дар толори  “Кохи Суруш” 11 декабр рӯйдоди асосии мусиқии сол – маросими тақдими ҷоизаҳои Tarona Music Award баргузор шуд, ки дар он сурудҳои писандидаи ду соли охир манзури тамошобинон шуданд.

Таронаҳои беҳтарин натанҳо тибқи интихоби радиои “Азия-Плюс”, балки бар асоси радабандиҳо ва шумори тамошову гӯш андохтан дар майдонҳои гуногуни интернет интихоб шуданд.

Ҷоизаҳоро ба сарояндагон шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ, аз қабили Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, ҳунарманди маъруфи театр Моҳпайкар Ёрова, инчунин ҳайати роҳбарии ширкатҳои шарики чорабинӣ тақдим намуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (18)


















Дар натиҷа чунин таронаҳо беҳтарин дониста шуданд:

Нигина Амонқулова – «Фиребо»

Ҷонибек Муродов – «Худо ҳаст»

Сафармуҳаммад – «Нокуҷо»

Шабнами Сурайё – «Бизан дутора»

Меҳрнигори Рустам – «Рав»

Дамирбек Олимов – «Омадӣ»

Валиҷон Азизов – «Саробе»

Мубориз Усмонов – «Меравӣ»

Мадина Акназарова – «Афсӯс»

Хуҷастаи Мирзовалӣ – «Ёрам, иҷозат деҳ»

Чоршанбе Аловатов – «Медонӣ ё не»

Мино Баҳриллоева – «Мастам»

Гурӯҳи «Шамс» – “Кабӯтар”

Гурӯҳи «Авесто» – “Душанбе”

Гурӯҳи «Парем» – “Ошиқи зорам”

Фарзонаи Хуршед – «Ҷома норинҷӣ»

Овозхонии сарояндагонро ҳунармандони театр-студияи “Падида” ва Театри давлатии опера ва балет ҳамроҳӣ карда, ба ҳар кадоме аз саҳнаҳои сурудхонӣ ҳусну таровати тоза бахшиданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (55)























































Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии расона ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷоизаи мусиқии худро дубора эҳё намуд. Аввалин маросими “Суруди сол”и навшуда зери тамғаи муаллифии «Tarona music award» хеле ҷолибу хотирмон доир гардид.

Оянда боз пуршукӯҳтар хоҳад шуд!…

Шарики кулл – OJSC "Orienbank"; Шарики расмӣ – Мармарӣ; Шарики эстетикӣ – Promoitalia Dushanbe; Шарики тиллоӣ – “Тоҷик Кристалл”; Шарики суғуртавӣ – Асри 21; Шарики сармоягузорӣ – Fiftyfive Group; Шарики комфорт – Impero Home; Шарики саломатӣ – ReO, шарики иммунитет –  @Alhadaya Tajikistan, шарики Маросим – Sooroosh Media, шарики afterparty – Ресто-клуб LOFT ва Шарики таъмини бехатарӣ – “Барс”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...