Барқияи изҳори тасаллии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА ва оилаҳои осебдидагон аз тундбод (торнадо) дар ин кишвар изҳори тасаллият намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба президенти ИМА Ҷо Байден барқияи изҳори тасаллӣ фиристод. “Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мӯҷиби ҳалокат ва […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти ИМА ва оилаҳои осебдидагон аз тундбод (торнадо) дар ин кишвар изҳори тасаллият намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба президенти ИМА Ҷо Байден барқияи изҳори тасаллӣ фиристод.

“Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлоти Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ки мӯҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, – омадааст дар барқия.

Дар идома ба мардуми дӯсти Амрико, наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ шуда, ба осебдидагон шифои комил орзу шудааст.

Рӯзи 11 декабр дар як қатор иёлат (штат)-и ИМА тундбоди шадид сар зад, ки президенти ИМА Ҷо Байден онро бузургтарин дар таърихи кишвар номид.

Шумори умумии ҳалокшудагон аз ин офат зиёда аз 90 нафар арзёбӣ шуда, лекин волии иёлати Кентукки гуфтааст, теъдоди қурбониёни офати табиӣ метавонад аз 100 нафар зиёдтар шавад.

Гуфта мешавад, корҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ метавонанд чандин моҳ тӯл кашанд. Зиёда аз 200 ҳазор нафар аз камбуди барқ танқисӣ мекашанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.