Духтари Эмомалӣ Раҳмон – сафири нави Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст. Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд. Рухшонаи Эмомалӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз духтаронашро дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сафир таъйин намудааст. Рухшона то ин вақт дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Матни таъйини Рухшонаи Эмомалиро шоми имрӯз, 15 декабр сомонаи расмии президенти Тоҷикистон дар баробари дигар тағйиротҳои кадрӣ нашр намуд.

Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мансаб Масуд Халифазодаро иваз кард. Дар фармони Халифазода сабаби барканории ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” дарҷ шудааст.

Рухшонаи Эмомалӣ, яке аз ҳафт духтари раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки собиқаи кор дар мақомоти корҳои хориҷии кишварро дошт ва номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳоии хориҷии Тоҷикистон, ба ҳайси ноиби сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин вазорат зикр шуда буд.

Гуфта мешавад, ки Рухшона Эмомалӣ ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати маъруфи "Фароз" аст. Қаблан Рухшона дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт.

Соли 2017 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз рӯнамоии китоби "Асосҳои хизмати дипломатӣ" хабар дода буд, ки муаллифи он Рухшона Эмомалӣ буд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, раиси кунунии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур – Озода Раҳмон, низ кор мекард. Ӯ дар ин вазорат ба унвони сардори сарраёсати консулӣ, муовин ва муовини аввали вазир кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.