Милитсияи пойтахт мардони гумонбар ба лату кӯби духтарони 15-соларо боздошт намуд

Милитсияи шаҳри Душанбе мардонеро, ки ба лату кӯби ду духтари ноболиғ гумонбар дониста мешаванд, боздошт намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ифшои ҷузъиёти воқеа худдорӣ намуд. “Аз ҳамаи ҷузъиёти ҳодиса пас аз тафтишот хабар медиҳем", – гуфтанд дар Раёсат. Қобили зикр аст, ки модари яке […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе мардонеро, ки ба лату кӯби ду духтари ноболиғ гумонбар дониста мешаванд, боздошт намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ифшои ҷузъиёти воқеа худдорӣ намуд. “Аз ҳамаи ҷузъиёти ҳодиса пас аз тафтишот хабар медиҳем", – гуфтанд дар Раёсат.

Қобили зикр аст, ки модари яке аз духтарон – Шаҳноз Комилзода дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод, ки духтараш Мумтоз ва дугонаашро се мард мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Ҳодиса рӯзи 19 декабр соати 15:00 дар маркази пойтахт, назди дармонгоҳ (поликлиникаи 1, каме дуртар аз Хадамоти раводиду бақайдгирӣ (ОВИР) ба вуқӯъ пайвастааст.

Комилзода навиштааст, имрӯз соати 3-и рӯз дар маркази шаҳри Душанбе 3 нафар ба 2 духтари 15 сола, ки якеаш духтари ман буд дастдарозӣ, дашном ва лату кӯб мекунанд.

“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кушиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад”, – навиштааст ӯ.

Гуфта мешавад, вақте ки духтарон барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон талош мекунанд, дугонаи духтарро ба замин афтонда бо шата ба сару рӯю шикамаш мезананд ва телефонро ба замин партофта мешикананд.

“Роҳгузарон ҳамаи ин ҳолатро дида ором гузашта мераванд. Ва ҳатто духтарҳоро таънаю маломат мекунанд, ки "Дар хонаҳотон шинен чо мекуна…”, – иброз доштааст модари духтар.

Зикр мегардад, ки ҳолати равонии духтарҳо бисёр бад буда, зарбаи шадиди равониву ҷисмонӣ гирифтаанд.

Рӯзноманигори тоҷик Зулфия Голубева намогирифт (скринҳо)-и навиштаҳои духтаронро гузоштааст. Дар онҳо гуфта мешавад, вақте ки ӯро 7-8 дақиқа мезананду аз биниаш хун меояд ва лабаш мекафад, се нафар мард назди онҳо меоянд ва онҳоро меронанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.