Дар Хатлон бештар аз 1,2 млн нафар воксин задаанд

Date:

Беш аз як миллиону 227 ҳазору 74 нафар сокини вилояти Хатлон то рӯзи 19-уми декабри соли равон вояи якуми зиди COVID-19 гирифтаанд.

Маркази матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳамчунин то 19 декабр 889 ҳазору 54 нафар вояи дуюмро низ задаанд.

Ҳоло дар сохторҳои марбутаи тандурустии ин вилоят 455 ҳазору 890 воя воксин захира мавҷудаст. Аз аввали мавсими воксинзанӣ то ба имрӯз дар ин вилоят 2 млн 45 ҳазору 724 воя ба вилоят ворид шудааст.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ҳоло барои пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина бо супориши раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ таъсис ёфтааст, ки дар ин гуруҳи кори роҳбарони сохторҳои тандурустии вилоят, маориф, фарҳанг, мақомотҳои дигари давлати шомиланд.

Гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо мардум вобаста ба муҳимияти гирифтани ваксина суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...