Порошенкоро дар Укроин ба хиёнат ба давлат муттаҳам карданд

Дар Укроин раисҷумҳури пешин Пётр Порошенкоро ба хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар донистаанд. Алайҳи ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд. Дар ин бора расонаҳои укроинӣ ва русӣ хабар додаанд. Gazeta.ru бо нақли қавл аз сардори раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти Укроин Анатолий Бунич навиштааст, ки Порошенко […]

Дар Укроин раисҷумҳури пешин Пётр Порошенкоро ба хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар донистаанд. Алайҳи ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд.

Дар ин бора расонаҳои укроинӣ ва русӣ хабар додаанд. Gazeta.ru бо нақли қавл аз сардори раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти Укроин Анатолий Бунич навиштааст, ки Порошенко дар мақоми раёсатҷумҳури аз салоҳиятҳои худ истифода карда, барои қатъи шартномаи воридоти ангишсанг аз Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дастур додааст ва бо талаби Русия барои бастани шартномаи ворид кардани ангишт аз манотиқи рӯ ба Русия –  Донбасс мусоидат кардааст.

Таҳқиқот алайҳи Порошенко  бар асоси моддаҳои кодекси ҷиноии «Сармоягузории терроризма», «Хиёнат ба давлат» ва ҳамчунин «Ташкили созмони террористӣ».

Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта, аз эъломи айб тавассути почта огаҳ карда шудааст. Порошенко дар Истанбули Туркия барои мулоқот бо Патриархи Портилимуси Қустантиния (Патриарх Константинопольский Варфоломей) қарор дорад.

Ҷумҳуриҳои худхондаи ҷудоихоҳ дар Украина созмонҳои террористӣ эълом шудаанд. Пештар дар доираи парвандаи хариди ангишт аз ҷудоихоҳон зидди раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформаи мухолифон барои ҳаёт" Виктор Медведчук айби хиёнат ба давлат эълом шуда буд.

Раиси Хадамоти амнияти Украина Иван Баканов 8 октябри соли равон хабар дода буд, ки ин ниҳод эҳтимоли "маслиҳат"-и Медведчук бо Порошенкоро таҳқиқ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.