Дар Хатлон бештар аз 1,2 млн нафар воксин задаанд

Беш аз як миллиону 227 ҳазору 74 нафар сокини вилояти Хатлон то рӯзи 19-уми декабри соли равон вояи якуми зиди COVID-19 гирифтаанд. Маркази матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳамчунин то 19 декабр 889 ҳазору 54 нафар вояи дуюмро низ задаанд. Ҳоло дар сохторҳои марбутаи тандурустии ин вилоят 455 ҳазору 890 воя воксин захира мавҷудаст. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Беш аз як миллиону 227 ҳазору 74 нафар сокини вилояти Хатлон то рӯзи 19-уми декабри соли равон вояи якуми зиди COVID-19 гирифтаанд.

Маркази матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳамчунин то 19 декабр 889 ҳазору 54 нафар вояи дуюмро низ задаанд.

Ҳоло дар сохторҳои марбутаи тандурустии ин вилоят 455 ҳазору 890 воя воксин захира мавҷудаст. Аз аввали мавсими воксинзанӣ то ба имрӯз дар ин вилоят 2 млн 45 ҳазору 724 воя ба вилоят ворид шудааст.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, ҳоло барои пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина бо супориши раиси вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ таъсис ёфтааст, ки дар ин гуруҳи кори роҳбарони сохторҳои тандурустии вилоят, маориф, фарҳанг, мақомотҳои дигари давлати шомиланд.

Гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо мардум вобаста ба муҳимияти гирифтани ваксина суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.