Зинаи сеюми наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон, ки дар Беларус доир гардид, варзишгарони Тоҷикистон 16 медал ба даст оварда, зинаи 3-юми умумидаставиро ишғол намуданд. Бо сабаби пандемия ин чемпионат дар Минск дар шароити маҳдудияти зиёд гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқа зиёда аз 450 варзишгар аз 36 кишвари саросари дунё ширкат […]

Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ITF байни наврасон, ки дар Беларус доир гардид, варзишгарони Тоҷикистон 16 медал ба даст оварда, зинаи 3-юми умумидаставиро ишғол намуданд.

Бо сабаби пандемия ин чемпионат дар Минск дар шароити маҳдудияти зиёд гузаронида шуд. Бо вуҷуди ин, дар мусобиқа зиёда аз 450 варзишгар аз 36 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи миллии таэквондо ITF ва кикбоксинги ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро 11 варзишгари наврас намояндагӣ карданд.

“Мунтахаби Тоҷикистон дар яке аз мусобиқаҳои муҳими мавсими имсола – Чемпионати ҷаҳон-2021 ба натиҷаи қаноатбахш ноил гардид. Хурсандиовар аст, ки даста 3 медали тилло ба даст оварда, се нафар дар даста ба унвони қаҳрамонҳои нави ҷаҳон шарафёб гардиданд”, – гуфт раиси Федератсия Мирсаид Яҳёев.

Аз рӯи натиҷаҳои чемпионат Шоҳзода Тоҷибоева дар барномаи «личный туль» (шахсӣ), Фотима Бегмуродова ва Муминҷон Нуров дар спарринг соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Дар барномаи «личный туль» Сабрина Оқилова ва Муминҷон Нуров, инчунин дастаи духтарони ҷумҳурӣ дар “тулҳо” ва техникаи махсус медалҳои нуқра гирифтанд.

Дар барномаҳои “туль» ва спарринг Севинҷ Қосимова ва Азиз Тоҷибоев, Амир Мадалиев, Назмия Осаққолова ва дастаи духтарон ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Дар техникаи махсус Фотима Бегмуродова ва дар барномаи худдифоӣ низ дастаи духтарон натиҷаи сеюми мусобиқаро нишон доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.