Дар Русия барои муҳоҷирон корт-чипҳои дорои изи ангуштҳо дода мешавад

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 29 декабр патент барои корро дар шакли корт бо чип мегиранд, ки аз сурати электронии рӯй ва изи ангуштони соҳиби он иборат аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармони вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев иттилоъ медиҳад. “Шакли патенти додамешуда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки […]

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз 29 декабр патент барои корро дар шакли корт бо чип мегиранд, ки аз сурати электронии рӯй ва изи ангуштони соҳиби он иборат аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба фармони вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев иттилоъ медиҳад.

“Шакли патенти додамешуда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаби раводид меояд, дар шакли корт бо ҳомили электронии маълумот тасдиқ карда шавад. Фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор мегирад”, – гуфта мешавад дар санад.

Мувофиқи фармон корт 8,5-3,5 см андоза дошта, дар тарафи пеши он сурат, силсила ва рақами патент, ному насаб ва номи хонаводаи молики он ҷойгир карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар он санаи таваллуд, шаҳрвнадӣ, силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ихтисос (касб) ва рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА, ИНН) зикр мешавад.

Дар тарафи дигар номи субъекти Русия, ки соҳиби корт дар он ҷо кор мекунад, маълумоти аз ҷониби кӣ ва кай дода шудани патент ҷойгир мешавад.

Дар қисмати поёни тарафи қафо рақами варақаи патент аз 9 рамз, QR-код бо ному насаб ва номи хонавода, санаи ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, инчунин силсила, рақам ва санаи ба охир расидани муҳлати амали ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, силсила ва рақами патенти додашуда дарҷ карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар тарафи қафои патент ҳомили электронии маълумот дар шакли микросхема ҷойгир карда хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.