Эмомалӣ Раҳмон президенти Озарбойҷонро бо 60-солагиаш табрик кард

Президенти Тоҷикистон имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ӯро бо ҷашни 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. “Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзу кард”, – омадааст дар хабар. Президенти Тоҷикистон талошҳои пайваставу созандаи Илҳом […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ӯро бо ҷашни 60-умин солгарди зодрӯзаш табрик кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

“Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои навро ба нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзу кард”, – омадааст дар хабар.

Президенти Тоҷикистон талошҳои пайваставу созандаи Илҳом Алиевро дар ҷодаи рушди тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон махсусан таъкид намуд.

Гуфта мешавад, дар ин зимн роҳбарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима ва ҷараёни мусбати инкишофи онҳоро тайи солҳои ахир зикр карданд.

“Ҳамчунин, алоқамандии тарафайн ба пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити байни ду кишвар, аз ҷумла бо роҳи татбиқи ҳадафмандонаи  тавофуқоти қаблан бадастомада  таъкид гардид”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.