Раиси Исфара ба фарзандони оилаҳои дар муноқишаи сарҳад ҳалокшуда туҳфаҳо тақдим кард

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд ё ҷароҳат бардошта буданд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳр иттилоъ дод, Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати оилаҳои шаҳрвандоне рафт, ки дар ҷараёни муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуданд ё ҷароҳат бардошта буданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳр иттилоъ дод, Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло бо шароити зисту рӯзгори 20 оила аз наздик шинос шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни суҳбат раиси шаҳр ба волидони онҳо барои тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори миннатдорӣ кард.

“Ба оилаҳо хӯрокворӣ кумк шуда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд. Раиси шаҳр хотиррасон намуд, ки дарҳои кабинети ӯ барои онҳо ҳамеша боз аст”, – иброз дошт Шомадов.

Котиби матбуотӣ зикр кард, ки раиси Исфара ба раисони ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурх дастур дод, ки мудом аз шароити зисту рӯзгори ин оилаҳо хабардор шуда, дар вақти зарурат ба онҳо кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли 2021 бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб 55 нафар кушта ва ҳудуди 300 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Даҳҳо манзил ва дигар иншоот тахрибу осеб диданд.

Қобили зикр аст, ки раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҳамин муноқиша ах китфаш захмӣ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.