Се мактабхони тоҷик барои таҳсил дар ИМА 220 ҳазор доллар грант гирифтанд

Се хонандаи литсей барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд соҳиби 220 ҳазор доллар грант барои таҳсил дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ (North American University) шуданд. Онҳо ба туфайли пирӯзӣ дар олимпиадаи байнулмилалии MATH-CHALLENGE ба ин мукофот даст ёфтанд. “Ин олимпиада дар Таиланд баргузор шуд. Мактабхонҳои тоҷик дар олимпиада оид ба математика бо забони англисӣ ғолиб омада, ба […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Се хонандаи литсей барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Хуҷанд соҳиби 220 ҳазор доллар грант барои таҳсил дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ (North American University) шуданд. Онҳо ба туфайли пирӯзӣ дар олимпиадаи байнулмилалии MATH-CHALLENGE ба ин мукофот даст ёфтанд.

“Ин олимпиада дар Таиланд баргузор шуд. Мактабхонҳои тоҷик дар олимпиада оид ба математика бо забони англисӣ ғолиб омада, ба ҷоизаи асосии он – грант барои таҳсил дар North American University соҳиб шуданд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Хонадагони синифи 10-уми литсей Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Нусратшоев ба грантҳо соҳиб шуданд.

Маблағи умумии грант барои таҳсил 220 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ба Усмонов ва Комилов ба ҳар кадоме 80 ҳазори он ва ба Нусратшоев 60 ҳазор доллар тақдим карда мешавад.

“Грант танҳо барои таҳсил пешбинӣ гардлида, онро наметавон ба каси дигар дод ё пулашро нақд гирифт. Пардохти солонаи таҳсил дар North American University барои хориҷиён (бидуни хобгоҳ ва хӯрок) 12 ҳазору 700 долларро ташкил дода, грант танҳо барои таҳсили се хонандаи литсей истифода мешавад”, – гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки мувофиқи гувоҳнома (сертификат) ва номаи расмии Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ  грант дар муддати то 3 сол амал мекунад. Дар ин давра хонандагон пас аз хатми таҳсил ва пешниҳоди гувоҳнома ба таҳсил дар донишгоҳ оғоз мекунанд.

“Омӯзиши фанҳои дақиқ аз қабили физика, кимиё, биология, ҷуғрофия, математика дар литсей бо забони русӣ таълим дода шуда, ба хонандагони лаёқатманд имкон медиҳад, ки ҳамасола дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони англисӣ ширкат варзанд ва аз обрӯву шарафи кишвар ҳимоят кунанд”, – зикр карданд дар хадамоти матбуот.

Манбаъ зикр кард, ки танҳо дар давоми 4 моҳи соли хониши 2021-2022 хонандагони литсей дар 8 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба фанҳои дақиқ ва забоншиносӣ, аз қабили  BRICSMATH, PHIZTECH, MATH-CHALLANGE, UNICEP-JUNIOR, FISO, ANTALYA дар Таиланд, Туркия, Британияи Кабир ва Бразилия ширкат варзида, ҳамагӣ 138 медал: 76 тилло, 33 нуқра ва 29 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.