Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимоли лағзиши тарма

Date:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то рӯзи 29-уми декабри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма ҳифз мешавад.

Дар ин робита Кумита дар сомонаи худ бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд, ба ғунучини ҳезум, шикор низ нараванд.

“Аз кулли аҳолии кишвар, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш мешавад, ки хеле ҳушёр ва бадиққат бошанд, – омадааст дар ҳушдори Кумита. – Бахусус, фарзандони худро назорат кунанд, кӯдакон ва наврасонро танҳо нагузоранд, ки аз хонаву ҳавлӣ берун шаванд”.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо хабардор шаванд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд.

Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.

Бадиққат бошед, қоидаҳоро риоя кунед! Суръати ҳаракатро боло набаред ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...