Намояндаи савдои Русия: “Соли 2021 дар муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон пурсамар буд”

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи савдои Русия Евгений Коренков рӯзи 27 декабр дар Душанбе намояндаи Русия изҳор дошт, ки сарфи назар аз падидаҳои бӯҳронии мавҷуда, соли ҷорӣ аз лиҳози рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон пурсамар буд. “Далели бевоситаи самаранокӣ нишондиҳандаи рекордии савдои мутақобила мебошад, ки […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо намояндаи савдои Русия Евгений Коренков рӯзи 27 декабр дар Душанбе намояндаи Русия изҳор дошт, ки сарфи назар аз падидаҳои бӯҳронии мавҷуда, соли ҷорӣ аз лиҳози рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Русия ва Тоҷикистон пурсамар буд.

“Далели бевоситаи самаранокӣ нишондиҳандаи рекордии савдои мутақобила мебошад, ки дар тӯли 11 моҳи соли 2021 аз 1,1 млрд доллар зиёд шудаст. Ва изҳори умедворӣ мекунам, ки бо талошҳои муштарак дар соли оянда мо метавонем рекорди нав гузорем”, – оварда шудааст гуфтаҳои Коренков дар саҳифаи намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон дар Facebook.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро оид ба таъсиси корхонаҳои муштараки содиротӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро дар соҳаҳои маъмулии саноати сабук ва кишоварзии дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Ба масоили амалисозии бандҳои протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҳамчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои ояндадори муштарак дар қаламрави ҷумҳурӣ доир ба масоили ҷалби сармоя аз Русия ба IT-индустрия, ки дар ин бахш ширкатҳои ин кишвар таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд, табодули назар сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.