Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия метавонанд аз 1 январ ихроҷ шаванд

Дар Русия шаҳрвандони хориҷиро аз 1 январ барои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ натанҳо ҷаримабандӣ, балки аз қаламрави кишвар низ хориҷ карда метавонанд, хабар дода мешавад дар сомонаи ВКД Русия. Дар Вазорат зикр кардаанд, ки муҳлати амали чораҳои муваққатии аз ҷониби президенти Русия ҷоришуда барои муҳоҷирони корӣ 31 декабр ба охир мерасад. Ба иттилои Вазорат, аз моҳи […]

Asia-Plus

Дар Русия шаҳрвандони хориҷиро аз 1 январ барои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ натанҳо ҷаримабандӣ, балки аз қаламрави кишвар низ хориҷ карда метавонанд, хабар дода мешавад дар сомонаи ВКД Русия.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки муҳлати амали чораҳои муваққатии аз ҷониби президенти Русия ҷоришуда барои муҳоҷирони корӣ 31 декабр ба охир мерасад.

Ба иттилои Вазорат, аз моҳи марти соли 2020 зиёда аз 7 млн нафар хориҷиён ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ гирифта, 1,5 млн нафар аз онҳо будубоши худро дар қаламрави Русия ба қайд гузоштаанд.

ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ҳуҷҷат надоранд, боисрор тавсия медиҳад, ки то 31 декабри соли 2021 ҳарчи зудтар ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.

Ғайр аз ин, ба корфармоён лозим аст, ки бо кормандони хориҷӣ муносибатҳои корӣ роҳандозӣ намуда, дар муҳлати се рӯз дар ин хусус огоҳ кунанд.

Ҳаҷми ҷарима барои кормандони ғайриқонунӣ то 5 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, аз соли оянда нисбати онҳо “чораҳои марбут ба ихроҷ аз қаламрави Русия ва манъи вуруд барои бозпас омадан андешида шуда метавонанд”.

“Корфармоён барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор барои ҳар кадоме аз чунин корманд то 800 ҳазор ҷарима шуда метавонанд”, – хабар додаанд дар Вазорат.

Бино ба таҳқиқоти коршиносон, пандемияи коронавиус ва баста шудани сарҳадҳо ба коҳиши назарраси хориҷиён дар Русия боис гардид. Агар соли 2019 вобаста ба моҳ аз 9,6 млн то 11,2 млн шаҳрвнадони хориҷӣ дар Русия қарор медоштанд, пас соли 2020 шумори онҳо аз 10,3 млн дар охири моҳи январ то 7,1 млн нафар дар охири сол кам шудааст.

Аз ҳама зиёдтар шумори шаҳрвандони Украина ва Молдова мутаносибан ба андозаи 53% ва 51%, Қирғизистон – 18%, Арманистон – 22% ва Тоҷикистон – 35% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.