“50 ҳазор сомонӣ қарздор шудем”: ҳамсари Қаҳҳоров барои ёрӣ суратҳисоб боз кард

Date:

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров – шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел дар Қирғизистон боздошт шуд, дар “Амонатбонк” суратҳисоб боз карда, хостори ёрӣ аз мардум шуд.

Шавҳари Наргис Ҷаббороваро дар Қирғизистон аввал ба ҳабси абад маҳкум карданд ва пас аз шикоятҳо бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳукми ӯ ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд.

Наргис Ҷабборова чанде пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки пас аз боздошти шавҳараш вазъи иқтисодии хонаводаашон бад шудааст ва хароҷоте, ки барои шаваҳараш кардааст, ин хонаводаро дар баргардонидани 50 ҳазор сомонӣ ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Ин зан мегӯяд, ки ҳоло аз чандин нафар қарздор шудаанд ва соҳибони пул баргаронидани қарзро талаб доранд.

Ин зан бо се фарзандаш, ки яке донишҷӯйи донишгоҳ ва дуи дигар донишомӯзи мактаби миёна ҳастанд бехонаву ҷой монда, дар хонаи модарӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад.

Қаблан Наргис Ҷабборова аз бадтар шудани вазъи зиндагияш нигаронӣ карда гуфта буд бо аризае аз ҳукумати вилояти Суғд низ хостааст, барояш дар пайдо кардани 10 ҳазор сомонӣ кӯмак расонанд.

“Ман аз роҳбарон ва шахсони саховатманд кӯмак мепурсам, ки шавҳарамро озод кунанд ва ба мо ҳамаҷониба ёрӣ расонанд. Ҳеҷ гоҳ касе дучори рӯзҳое, ки аз сари мо мегузарад нашавад. Хело барои мо душвор аст. Аз касони савобҷӯй илтимос мекунам, ки ба мо кӯмак кунанд”,-мегӯяд, Наргис Ҷабборова.

Шавҳари Наргис Ҷабборова, Абдурозиқ Қаҳҳоровро, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад додгоҳи ноҳияи Лайлак се моҳ пеш, 14-уми сентябр бо ҷурми “ҷиноят бар зидди сулҳ” ва “ғоратгартӣ”-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ба ҳукми абад равонаи зиндон кард. Баъдан бо подармиёнии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ва хешу таборони маҳкумшуда ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мурофиаи 6-уми декабр ба 20 соли зиндон тағйир дода шуд. Аммо хонаводаи Абдурозиқ Қаҳҳоров аз оғоз пофишорӣ доранд, ки ӯ гуноҳе надорад, набояд бо як акси хотиравӣ солиёни зиёд маҳкум ба зиндонӣ шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Абдурозиқ Қаҳҳорови 41-сола то замони боздошт, дар мусофиркаши хатсайри №66 – “Хистеварз-Гулистон” ронандагӣ мекард ва аз ҳисоби ин кораш оиларо саробонӣ мекард. Ҳамсараш мегӯяд, дар рӯзҳои муноқишаи хунин низ шавҳараш дар ҷойи корӣ буд ва ба ягон ҷиноят даст назадааст.

Барои ҷамъоварии ёрии молӣ Наргис Ҷабборова дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба номи худаш суратҳисоби бонкӣ-20216972103711074339  кушода аз мардум кӯмак хост.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...