Филми коргардони ҷавон дар Фестивали байналмиллалии «Short Shot Fest намоиш дода мешавад

Филми "Хирсҳо"-и коргардони ҷавон Пайрав Шарифӣ ба Ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои кӯтоҳи Маскав – «Short Shot Fest» роҳхат пайдо кард. Дар ин бора худи коргардони ҷавон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, натиҷаи иштироки филми кутоҳи "Хирсҳо"  15-16 январ соли 2022 эълон хоҳад шуд. Қаблан филми "Хирсҳо" дар ҷашнвораҳои байналмиллалии Русия, Туркия, Қазоқистон ва Канада иштирок […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Филми "Хирсҳо"-и коргардони ҷавон Пайрав Шарифӣ ба Ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои кӯтоҳи Маскав – «Short Shot Fest» роҳхат пайдо кард. Дар ин бора худи коргардони ҷавон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, натиҷаи иштироки филми кутоҳи "Хирсҳо"  15-16 январ соли 2022 эълон хоҳад шуд.

Қаблан филми "Хирсҳо" дар ҷашнвораҳои байналмиллалии Русия, Туркия, Қазоқистон ва Канада иштирок намуда, дар номинаҳои гуногун сазовори ҷоиза гардидааст.

– Филми мазкур бархурди ду насл:- замони шӯравӣ ва истиқлолро фаро гирифта, дар Санк-Петербург рӯи навор омадааст. Сенарияи филм қисман аз ҳаёти воқеии худам аст. Воқеаеро, ки чанд сол қабл бо худам рух дода буд, бо якчанд ҳаводису саҳнаҳои дигар якҷо намуда, филмномаро таҳия кардам…,-мегӯяд Пайрав Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар муддати 6 моҳ филмро ба навор гирифта, нахустин бор 30 сентябри соли равон ба намоиш гузошта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.