Токаев гунаҳкорони вазъи эътирозӣ дар Қазоқистонро номбар кард

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар машварати марбут ба масоили вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар зикр кард, ки пас аз ҷорӣ шудани реҷаи вазъи фавқулода, вазъ дар Алмато ва вилояти Мангистау тадриҷан ба эътидол меояд. Дар ин машварат Қосим-Жомарт Токаев гунаҳкорони вазъи эътирозӣ дар кишварро номбар кард, менависад 24.kz. Президент зикр кард, ки ба роҳ додани […]

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар машварати марбут ба масоили вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар зикр кард, ки пас аз ҷорӣ шудани реҷаи вазъи фавқулода, вазъ дар Алмато ва вилояти Мангистау тадриҷан ба эътидол меояд.

Дар ин машварат Қосим-Жомарт Токаев гунаҳкорони вазъи эътирозӣ дар кишварро номбар кард, менависад 24.kz.

Президент зикр кард, ки ба роҳ додани даст ба эътироз задани мардум дар робита ба болоравии нархи гази моеъ бахусус ҳукумат, аз ҷумла Вазорати энергетика, инчунин ширкатҳои Қазмұнайгаз» и «Қазақгаз» гунаҳкоранд.

Токаев ҷараёни амалисозии дастури худро дар моҳи июни соли гузашта дар мавриди суръатбахшӣ ба сохтмони корхонаи нав дар заминаи “КазГПЗ”, ки бояд дар вилояти Мангистау гази моеъ истеҳсол мекард, мавриди интиқод қарор дод.

Ӯ таъкид дошт, ки ваколатҳои ба эътидол овардани вазъият ба ВКД, Дастаи махсуси зудамал (СОБР) ва Гвардияи миллӣ дода шудаанд, ки муваффақона аз иҷрои вазифаҳои худ мебароянд.

Сарвари давлат ба Комиссияи ҳукуматӣ, неруҳои таъмини тартибот, ҳокими вилояти Мангистау барои талошо баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори миннатдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барои ба эътидол овардани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ як қатор дастурҳо додааст, аз ҷумла:

 – ба муҳлати 180 рӯз танзими давлатии нархи гази моеъ, ҳамчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҷорӣ карда шавад;

 – ҷорӣ намудани танзими давлатии нархи маҳсулоти озуқавории дорои аҳамияти иҷтимоӣ. Қарорро якҷоя бо ҳокимони вилоятҳо дар асоси вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақа қабул мекунанд;

 – зарурати ҷорӣ намудани моратория ба баланд бардоштани тарифҳои хизмати коммуналӣ барои аҳолӣ дар муҳлати 180 рӯз баррасӣ шавад;

 – масъалаи пардохти иҷораи манзили дуюмдараҷа барои табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ баррасӣ шавад;

 – аз ҳисоби манбаъҳои шахсӣ ва маблағгузории давлатӣ барои ҳалли мушкилоти нигаҳдории тандурустӣ ва кӯдакон Фонди ҷамъиятии «Ба халқи Қазокистон» ташкил карда шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.