Милитсияи Душанбе соли 2022-ро “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон кард

Дар Душанбе рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди […]

Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсат хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо қабул шудааст.

Дар ин росто дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2021 дар роҳҳои мошингарди пойтахт 242 садамаи нақлиёт сабт шуда, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Гуфта мешавад, омори мазкур нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар камтарин нишондиҳандаи садаманокӣ маҳсуб меёбад.

Зикр мегардад, ки аз ҷониби нозирони БДА 382 ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 499 далели ба вуҷуд овардани вазъияти хавфнок ва ҳолати садамавӣ, 2 ҳазору 795 далели вайрон намудани қоидаи сабқат ва манёвркунӣ ва 4 ҳазору 113 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.