Туман кори муқаррарии фурудгоҳи Душанберо халалдор кард

Бар асари тумани ғализ, ки шаби имрӯз фазои пойтахти Тоҷикистонро фаро гирифт, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова. То ин дам фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин – шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд. Аз ҷумла […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бар асари тумани ғализ, ки шаби имрӯз фазои пойтахти Тоҷикистонро фаро гирифт, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро қатъ кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи фурудгоҳ Ҷамила Ҳусейнова.

То ин дам фурудгоҳ ҳавопаймоҳои се хатсайр аз Маскав ба Душанберо қабул карда натавониста, онҳо ба фурудгоҳи наздиктарин – шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон фиристода шуданд.

Аз ҷумла инҳо ҳавопаймоҳои ширкати UtAir бо хатсайри UT803 аз Маскав (Внуково) ба Душанбе, ҳавопаймои “Сомон Эйр” – аз фурудгоҳи “Домодедово” ва ҳавопаймои “Уральские  авиалинии” аз фурудгоҳи “Жуковский” мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти лавҳаи онлайнӣ дар сомонаи ФБД, айни замон иҷрои ду парвоз аз Маскав ва яктои дигар аз Нижний Новгороди ширкати flyDubai ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи Ҳусейнова, пас аз соф шудани обуҳаво фурудгоҳ ба кори муқаррарии худ мепардозад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.