Дар Тоҷикистон беш аз 4 млн тан воксин гирифтанд. Аммо вазорати тандурустӣ мегӯяд, сироятёбӣ дигар нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

То 20 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 4 миллиону 312 ҳазору 774 нафар воксини зидии бемори коронавирус задаанд. Бар асоси тарҳи давлат, дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар бояд моякӯбӣ шаванд.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҳоли ҳозир 74 дарсади аҳолии кишвар вояи аввали ваксина ва 63 дар сади дигар вояи дувуми  ваксинаро гирифтаанд. 

Ҷаъфаров афзуд, “воксинзанӣ дар кишвар идома дорад ва мардум онро бидуни мамониат мегиранд. Тавре маълум аст, моякӯбии зидди бемории коронавирус хеле муҳим аст ва шаҳрвандоне, ки воксин нагирифтаанд, метавонанд дар дармонгоҳҳои маҳалли иқоматашон моякӯбӣ шаванд, зеро дар ҷумҳурӣ аллакай эмкунии такрори сеюм оғоз шудааст».

Ҳамсуҳбати мо афзуд,  ки дар як ҳафта беш аз 2000 корманди тиб дар кишвар алайҳи коронавирус маротибаи сеюм эм карда шуданд.

«Дар Душанбе мо ба ваксинзании табибон бо вояи сеюми зидди коронавирус шуруъ кардем. Аммо, то ҳол мо ваксиназании тамоми кормандони соҳаи тибро пурра оғоз накардем ва интизори рӯйхати коргарони дигар аз минтақаҳо ҳастем», – гуфт ӯ.

Вай гуфт, дар навбати аввал аҳолии осебпазир, аз ҷумла табибон, омӯзгорон, хидматчиёни давлатӣ ва пиронсолон сеюмбора моякӯбӣ мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон бо дарназардошти пайдо шудани навъи нави коронавируси «Омикрон» дар ҷаҳон ва аллакай дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба бозмоякӯбӣ (реваксинатсия) шурӯъ кардаанд.

Ҳарчандж дар ин авохир расонаҳо аз мавридҳои зиёди гирифтории сокинон ба вируси куруно матолиб нашр карданд ва чандин нафар ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷаи мусбати тестҳояшонро кориданд, аммо тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, охирин ҳолатҳои сирояти коронавирус дар кишвар 12 сентябри соли 2021 ба қайд гирифта шудааст. 

Тибқи маълумоти расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар (маълумоти 6-декабр) 17 095 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 16 966 нафар шифо ёфта, 124 нафар фавтидаанд. 

Бар асоси иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион воксинҳои зидди COVID-19 ворид шудааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло аҳолӣ бар зидди COVID-19 бо 5 намуди воксин: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V ройгон моякӯбӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...