Сар шуд: Вазири кишоварзӣ муовини сарвазир ва муовини аввалаш вазири кишоварзӣ шуд

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мақомаш барканор ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ таъин шудааст.  Ин иттилоъро як манбаи муътамад дар Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Ба гуфтаи манобеи "Азия-Плюс" дар Вазорати кишоварзӣ, ба ҷойи Зиёзода, муовини аввалаш Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст. Ба гуфтаи манбаъ аз Дафтари […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мақомаш барканор ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ таъин шудааст.  Ин иттилоъро як манбаи муътамад дар Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Ба гуфтаи манобеи "Азия-Плюс" дар Вазорати кишоварзӣ, ба ҷойи Зиёзода, муовини аввалаш Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ аз Дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин тағйирот имрӯз сурат гирифта, ҳамчунин дар бахшҳои дигари ҳукумат низ тағйирот шудааст. Қарор аст, давоми рӯз фармонҳои марбут ба тағйирот дар сайти раисҷумҳур нашр шаванд.

Сулаймон Зиёзода, ки 60 сол умр дорад, моҳи ноябри соли 2020 дар пайи ташкили кобинаи нави ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми раиси ноҳияи Деваштич барканор ва вазири кишоварзӣ таъйин шуда буд. 

Зиёзода ба ҷойи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муовини сарвазир таъин шуд, ки ахирӣ моҳи августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.