Меъморони Душанбе Қасри нави фарҳангро дар пойтахт рӯнамоӣ карданд

Date:

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook суратҳои лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар шаҳри Душанберо нашр кард. Дар бораи ҷузъиёти дигари он маълумот дода намешавад.

Барои дарёфти шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат намуд. Кай ва дар куҷо сохта шудани маҷмаа ҳоло маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Чӣ қадар аз буҷети давлатӣ равона шудани маблағ ба сохтмони иншоот ва кай сохта шудани он низ ҳоло маълум нест”, – гуфт манбаъ.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, аз берун иншоот дар шакли асбобҳои миллии мусиқии тоҷикӣ: дутор, дойра, таблак оро дода шудааст.

Дар суратҳои лоиҳаи ангоравӣ ҳамчунин дида мешавад, ки дар ошёнаи якум толори калони консертӣ ҷойгир аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар гирду атрофи бино сохтмони таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, зери ин маълумот дар гуруҳ аллакай бисёр ақидаҳои сокинони шаҳр пайдо шуданд, ки аз симои Қасри фарҳанги оянда изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки фарҳанги Тоҷикистонро танҳо бо асбобҳои мусиқӣ алоқаманд кардан мумкин нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...