Фаврӣ. Тирпарронӣ дар марзи Исфара бо Қирғизистон. “Эвакуатсия”-и занону кӯдакони тоҷик

Date:

Сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки феълан дар рустои Сомониёни шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манобеъ, аз рустои Сомониёни шаҳри Исфара занону кӯдакони тоҷик ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир тирпарронӣ идома дорад. Нахуст низомиёни қирғиз ба тирпарронӣ шурӯъ карданд ва дар посух низомиёни тоҷик оташи ҷавобӣ кушоданд ва тирпарронии дутарафа оғоз шуд. Маҷрӯҳон ҳастанд, вале шумораи дақиқи онҳо маълум нест”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, бо ҳамтои қирғизи худ гуфтушунид дорад.

«Сабаби даргирӣ сангпартоии шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён гуфта мешавад. Дар ҳоли ҳозир роҳи Исфара-Ӯш баста шудааст», – гуфт манбаъ.

Талошҳои хабарнигори «Азия-Плюс» барои тамос бо котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов то замони нашри гузориш бенатиҷа анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки сухангӯйи шаҳрдории Исфара дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва ҳар замоне, ки телефонро барои посух додан фаъол мекард, тамос қатъ мешуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории қиризии “24.kg” бо истинод ба хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки вазъ дар қитъаи марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон муташанниҷ аст ва марзбонони тоҷик якҷониба бахше аз роҳи Бодканд-Исфараро дар мавзеи Торт-Кочои вилояти Бодкандро бастаанд.

«Бо мақсади пешгирии авҷ гирифтани низоъ сардори отряди сарҳадии Бодканд, полковник Рустам Миршакиров ва сардори Хадамоти сарҳадӣ полковник Қиёлбек Толонбоев ба ҷои ҳодиса рафтанд. Воҳидҳои сарҳадӣ, ки дар ин қитъаи сарҳад дар вилояти Бодканд мустақар шудаанд, ба реҷаи пурзӯри хидматӣ гузаронида шуданд”, – навиштааст ин хабаргузорӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...