24 ҳолати нав: омори охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз 23 нафар шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 январ дар кишвар ҳодисаҳои нави сироятёбиро эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар чанд рӯз  аллакай […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз 23 нафар шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 январ дар кишвар ҳодисаҳои нави сироятёбиро эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар чанд рӯз  аллакай 170 нафарро ташкил медиҳад.

Дар сомонаи вазорат  қайд карда мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17265 нафарро ташкил дода, шумори умумии шифоёфтагон 1746 нафарро (98,7%) ташкил медиҳад.

То ин дам, теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар асоси тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронии аҳолӣ мебошад", – омадааст дар хабар.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18 сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад.
То 20 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 4 миллиону 312 ҳазору 774 нафар ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро эм кардан лозим аст.

Иммунизатсияи зидди COVID-19 дар кишвар бо 5 намуди ваксина амалӣ карда мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.