Фарҳангиёни тоҷик китоби «Ворух – марзи номус» нашр мекунанд

Як гурӯҳ адибони ҷавон дар пайи даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷамъоварӣ ва таълифи китоби «Ворух – марзи номус» оғоз кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳадафашон, бо қалам, дониш ва фаросат ҷустани ҳалли муаммо аст. Дар ин бора шоири ҷавон ва яке аз таҳиягарони ин китоб Бузургмеҳри Баҳодур ба "Азия-Плюс" хабар дод. Номбурда гуфт, ҳоло 50 дарсади […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як гурӯҳ адибони ҷавон дар пайи даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷамъоварӣ ва таълифи китоби «Ворухмарзи номус» оғоз кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳадафашон, бо қалам, дониш ва фаросат ҷустани ҳалли муаммо аст.

Дар ин бора шоири ҷавон ва яке аз таҳиягарони ин китоб Бузургмеҳри Баҳодур ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳоло 50 дарсади кори китоб ба сомон расида, умедворанд, ки бо кӯмаки адибони таҷрибадору ҷавонони навқалам он дар рӯзҳои наздик рӯи чоп меояд.

– Қирғиз кори фашистӣ анҷом дод, мувофиқи Муоҳидаи байналмилалӣ (Конвенсия) бояд ба кормандони тиб, бавижа ба мошини ёрии таъҷилӣ тир намекушод, аммо онҳо бори чандум аст, ки муқаррароти созишномаҳои байналмилалиро поймол мекунанд,- гуфт Бузургмеҳр.

Вай афзуд, барои омода кардани китоб шеърҳо аз адибони кордидаву парчамдор 5-то ва аз адибони ҷавону навқалам 2-тоӣ шеър пазируфта мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар китоб ҳамчунин мақолаҳо, махсусан мақолаҳои таҳлилӣ ва матлабҳое ки дар ҷои ҳодиса ва бо иштироки иштирокчиёни ҳаводис омода шудаанд, ҷой дода мешавад.

Бузургмеҳри Баҳодур зикр кард, ки чунин корро соле пеш нависандаи номвар Шаҳзодаи Самарқандӣ дар Ҳолланд оғоз бахшид ва шояд рўзҳои наздик бо хатҳои порсӣ ва сириллик рўи чопро бубинад.

Вале ба таъкиди ӯ, аз сабабе ки  китоби мазкур ба ҳама ҳамватанони мо дастрас намешавад, аз ин рў, иқдоми мазкурро пеш гирифтаанд.

Ба таъкиди ӯ, пас аз интишори китоби «Нома ба Панҷшер» ин дувумин китоб чун рамзи эътироз ва назари бадеиву ҳунарии аҳли адаб бар душманони миллати тоҷик хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе бо ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва дар васфи Аҳмад Масъуд, роҳбари ҷабҳа зери унвони "Нома ба Панҷшер" ва “Ҳамосаи Панҷшер” ду китоб ва ба нашр расид, ки дар он ашъори шоирони маъруфи форсизабон ва ҳамчунин мақолаҳои донишмандону журналистон гирдоварӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.