Дар Хуҷанд имдодгарон ҷавонзанро аз худкушӣ наҷот доданд

Дар вилояти Суғд аз кӯшиши худкушии ҷавонзани 33-сола пешгирӣ шуд: ӯ мехост худро аз пул ба дарё партояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Соати 15:30 дақиқаи 30 январ ба Раёсати навбатдориии Кумита дар вилоят аз шоҳидон хабар расид, ки дар Хуҷанд ҷавонзане худро аз пул ба Сирдарё партофтанист”, – иброз дошт […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вилояти Суғд аз кӯшиши худкушии ҷавонзани 33-сола пешгирӣ шуд: ӯ мехост худро аз пул ба дарё партояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Соати 15:30 дақиқаи 30 январ ба Раёсати навбатдориии Кумита дар вилоят аз шоҳидон хабар расид, ки дар Хуҷанд ҷавонзане худро аз пул ба Сирдарё партофтанист”, – иброз дошт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, то омадани имдодгарон зан аллакай худро ба дарё партофта буд, лекин наҷотбахшони фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда тавонистанд, ки ӯро аз дарё берун бароранд.

Дар соҳили дарё ба зан кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, аз бистарӣ шудан дар беморхона ӯ даст кашид.

Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ба худкушӣ даст задани ҷавонзанро таҳқиқ мекунанд.

Тибқи маълумоти КҲФ, соли 2021 дар ҷараёни чорабиниҳои садамавӣ ва наҷотбахшӣ ҳудуди 200 нафар кумаки фаврӣ гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.