Додситони кул: ман алайҳи марзбонону сокинони дигари Қирғизистон парванда кушодам

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон  гуфтдар пайи даргириҳои  шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст. Додситони кул, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ “аз ҷониби ман парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти […]

Иршод Сулаймонӣ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон  гуфтдар пайи даргириҳои  шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи марзбонҳои кишвари ҳамсоя парванда боз кардааст.

Додситони кул, рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вобаста ба ҳодисаҳои ахири марзӣ “аз ҷониби ман парванда боз шуд, марзбонҳо ва баъзе аз шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷинояти муайян гунаҳкор мешаванд ва тафтишот давом дорад”.

Аммо Юсуф Раҳмон нагуфт, ки ин парвандаҳо алайҳи чанд нафар ва бар асоси кадом моддаҳои ҷиноӣ боз шудаанд

“Вобаста ба муноқишаи моҳи апрели соли гузашта дар марз бо Қирғизистон низ парванда боз шуда, баъзе гунаҳкорон муйян ва дастгир шуданд, бархеи дигар дар кофтукоб қарор доранд ва дар сурати дастгир шудан мо онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашем”, – илова кард додситони кулли Тоҷикистон.

Қирғизистон ҳанӯз рӯзи 28-уми январ эълон кард, ки парванда боз кардааст. Ин парванда аз сӯйи Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд бо моддаи "ҷиноят алайҳи сулҳ"-и Кодекси ҷиноии ин кишвар боз шудааст.

Даргириҳои ахири марзӣ шаби 27 ба 28-уми январ рух доданд, ки Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар оғози оташкушоӣ муттаҳам мекунад. Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар як изҳорот гуфт, ки рӯзи 27-уми январ мақомоти вилояти Бодканди кишвари ҳамсоя бояд ба як мулоқоти қаблан ҳамоҳангшуда меомаданд, аммо ба ҷойи мулоқот наомаданду тирпарониро оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон ҳам даъво дорад, ки тирпарониро Тоҷикистон оғоз кард.

Дар даргириҳои ахир аз Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 4 сокини осишта захмӣ шуданд. Нафарони кушташуда аз Тоҷикистон Обидҷон Тӯйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва ронандаи 62-солаи “Ёрии таъҷили”-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Абдулатиф Шарифов мебошанд.

Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 12 нафар дар ин даргириҳо хабар дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.