Вазорат хостори дастгириҳо барои бунёди саноати заргарӣ шуд

Date:

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ният дорад, ки баҳри ҳавасмандсозии афзоиши истеҳсол ва содироти маснуоти рақобатпазири заргарӣ, дар бозори фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳо ислоҳот роҳандозӣ намояд.

Дар муроҷиати Вазорат ба иштирокчиёни бозор дар ин робита гуфта мешавад, ислоҳот “ба рушди истеҳсоли маснуоти заргарӣ дар ҷумҳурӣ ва содироту фурӯши он дар бозорҳои минтақавию ҷаҳонӣ” равона гардидааст.

“Бо назардошти солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 аз шахсони ҳуқуқӣ, инфиродӣ, ҳунармандони касбӣ ва шаҳрвандони оддӣ эҳтиромона хоҳиш мегардад, ки пешниҳодҳои худро дар ин самт ба унвонии суроғаи электронии вазорат [email protected] ирсол намоянд”, – омадааст дар муроҷиати Вазорат.

Дар Вазорати саноат дархост мекунанд, ки “биёед бетараф набошем, чунки нуқтаи назари ҳар кадоми Шумо барои мо ниҳоят зарур аст”.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги маъданӣ, аз ҷумла фулузоту сангҳои қиматбаҳо мебошад. Дар маҷмӯъ, саноати маъдани кӯҳӣ дар баробари бахшҳои энергетика ва сайёҳӣ, яке аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб меёбад, ки ояндаи иқтисодиёти ҷумҳуриро муайян мекунад.

Аз ҷумла мувофиқи маълумоти корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ, ки геологҳои шӯравӣ гузаронданд, дар қаламрави кишвар 28 кони тилло мавҷуд аст, ки захираи умумии онҳо 450 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқра 60 тонна арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми истихроҷи ин фулузот ҳамасола бо нишондиҳандаҳои дурақама зиёд мешаванд.

Аммо фулузот ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда дар истеҳсолоти маснуоти заргарӣ дар дохили ҷумҳурӣ дар ҳаҷми начандон зиёд истифода шуда, қисмати бештараш ба хориҷи кишвар содир мешавад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, соли 2021 сангҳои қиматаҳову нимқиматбаҳо ва фулузот дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон 42%-ро ташкил доданд. Соли гузашта ба маблағи 897 млн доллар ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...