Қарзҳои “Барқи тоҷик” то аввали соли 2022 қариб ба 2,9 млрд доллар расиданд

Қарзи умумии кредитории ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 32,3 млрд сомонӣ (наздики 2,9 млрд доллар)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”. Қарзи умумии кредитории ширкат ба 33%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумии кредитории ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 32,3 млрд сомонӣ (наздики 2,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 3,3 млрд сомонӣ (292 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”.

Қарзи умумии кредитории ширкат ба 33%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2021 (98,9 млрд сомонӣ) баробар аст.

Аз ҷумла, қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молия (қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои электроэнергетикӣ) ба зиёда аз 24,1 млрд сомонӣ расидааст.

Қарз ба “Ориёнбонк” ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-1” – 2,1 млрд сомонӣ, НБО “Сангтӯда-2” – 2,7 млрд сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” – 630 млн сомонӣ ва ҶСК ”Тоҷиктрансгаз” – 362 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ширкат аз ангишти гирифтааш барои Марказҳи барқу гармидиҳӣ ба таҳвилгарон 215 млн сомонӣ қарздор шудааст.

Соли 2021 тариқи иқтидорҳои энергетикии “Барқи тоҷик” 15,9 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, 65%-и он ба неругоҳи Норак рост меояд.

Ғайр аз ин, соли гузашта ширкат асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Роғун” дар ҳаҷми 4,5 млрд кВт/соат неруи барқ дастрас намудааст.

Ширкат соли гузашта ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) ба хориҷи кишвар барқ содир намудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Аз ҷумла соли гузашта ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?