Омори ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон кам мешавад

Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкшӣ задан ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 47 ҳолат камтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Ин маълумоти ВКД-ро зимни нишасти хабарии рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам баён кард. Дар ҳамин ҳол, шумори ҳодисаҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкшӣ задан ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд, ки 47 ҳолат камтар нисбат ба соли 2020 мебошад. Ин маълумоти ВКД-ро зимни нишасти хабарии рӯзи 14 феврал сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сабоҳати Рустам баён кард.

Дар ҳамин ҳол, шумори ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон 26 ҳолат кам шуда, дар маҷмӯъ 246 ҳолатро ташкил додааст. Соли 2020 занон дар 272 ҳолат ба ин амал даст зада буданд.

Аз шумори умумии ҳодисаҳои худкушӣ байни занон (дар соли 2021) 52 ҳолат ба ноболиғон дахл дорад, ки ҳамагӣ 1 ҳолат камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 аст.

Сабоҳати Рустам таъкид дошт, ки шумори бештарини ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар вилояти Суғд а қайд гирифта шудааст.

Сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро ӯ хушунати оилавӣ, муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доштани ҳамсарону падарон ва вазъияти ноустувори моддӣ номбар кард.

“Барои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тадбирҳо андешида истодаем. Мо даст болои даст гузошта намешинем”, – иброз дошт мансабдор. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи баъзе далелҳо раиси Кумита шахсан ба маҳали ҳодиса рафта, бо аҳолӣ ва аъзои ин оила, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суҳбатҳо гузаронид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.