Насли дувум: писари Бердимуҳаммедов номзади мақоми президентии Туркманистон шуд

Муовини сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов номзад ба мансаби президенти Туркманистон пешбарӣ шуд. Қарор дар ин бора дар анҷумани IX ғайринавбатии Ҳизби демократи Туркманистон, ки рӯзи 14 феврал доир гардид, қабул шуд, хабар медиҳад РИА Новости. “Иштирокдорони анҷмуан суханронии Сардор Бердимуҳамедовро, ки ба мансаби президентӣ номзад пешбарӣ мешавад, дастгирӣ намуданд”, – гуфта мешавад дар хабари нашршуда. […]

Муовини сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов номзад ба мансаби президенти Туркманистон пешбарӣ шуд. Қарор дар ин бора дар анҷумани IX ғайринавбатии Ҳизби демократи Туркманистон, ки рӯзи 14 феврал доир гардид, қабул шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

“Иштирокдорони анҷмуан суханронии Сардор Бердимуҳамедовро, ки ба мансаби президентӣ номзад пешбарӣ мешавад, дастгирӣ намуданд”, – гуфта мешавад дар хабари нашршуда.

Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад.

Пас аз он, ки чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон – Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор дошт, ки “акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд”, Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар чунин тасмим гирифт. Он замон ӯ ишора намуд, ки ба дӯши ӯ хеле зиёд мансабҳои масъулиятнок вогузор шудааст.

Сардор Бердимуҳамедов ягона писари президенти кунунии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов буда, ӯ боз ду духтар дорад. Сардор Бердимуҳамедов соли 1981 таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С.Ниёзов аз рӯи ихтисоси муҳадис-технолог ва Академияи дипломатии ВКХ Русия (мутахассис оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ) мебошад.

Ӯ ҳамчунин дар Маркази сиёсат оид ба амнияти Женева  таҳсил карда, мутахассиси бахши амнияти аврупоӣ ва байнулмилалӣ аст.

Аз 17 июли соли 2019 писари президент роҳбари вилояти Аҳал дар минтақаи марказии Туркманистон таъин шуд.

Аз 7 феврали соли 2020 ӯ ба ҳайси вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон фаъолият намуд.

11 феврали соли 2021 муовини сарвазир, раиси Палати олии назорат таъин шуда, ба ҳайати Шӯрои давлатии амният шомил гардид.

Дар ин мансаб ӯ ҳамчун ба масоили рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, бахши молияву иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ масъул буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...